Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба идомаи гуфтушунид бо Эрон даъват кард


Чин имрӯз бори дигар таъкид кард, ки дар баҳси марбут ба барномаи ҳастаии Эрон ҳанӯз ҷое барои гуфтушунид боқист. Ин изҳороти Чин дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия гуфтааст, ба баррасии таҳримҳои нави зидди Эрон бо мақсади қатъи ғанисозии уран омодааст. Ҳарчанд Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаии он комилан сулҳомез аст, давлатҳои Ғарб ба аҳдофи осоиштаи он шубҳа доранд. Чин ҳамеша аз баррасии таҳримҳои нави зидди Эрон сарпечӣ мекунад. Русия низ дар ҳамин мавзеъ буд, аммо рӯзи душанбе, президенти Русия, Дмтирий Медведев гуфт, Маскав нахуст умедвор аст, ки чунин таҳримҳо нозарур шаванд, аммо дар ҳоли нокомии гуфтушунид ба баррасии онҳо омода хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG