Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Э.Раҳмон бо ноиби сарвазири Русия, И. Шувалов


Ноиби сарвазири Русия, Игор Шувалов, пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Душанбе гуфт, кишвараш ҳамеша ба ширкат дар татбиқи тарҳҳои энержии Тоҷикистон омодааст, вале дар ин маврид мувозанати манофеи ҳамаи кишварҳои минтақаро низ ба назар хоҳад гирифт. Намояндаи баландпояи Русия мавзеъгириеро такрор кард, ки қаблан аз забони раисиҷумҳури ин кишвар, Димтрий Медведев ҳангоми сафари ӯ ба Узбакистон садо дода буд. Узбакистон ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон шадидан мухолиф аст ва бо ин Русияро водор кардааст, аз ширкат дар иҷрои тарҳи Роғун худдорӣ кунад. Ноиби сарвазири Русия бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин дурнамои фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, омодагиҳо ба таҷлил аз 65-солагии Ғалабаи халқҳои шӯравӣ бар фашизм ва вазъи феълию ояндаи муҳоҷирати нерӯи кор аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG