Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори раъйҳои Руқия Нурӣ, духтари бузурги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки номзади ба вакили маҷлиси ноҳияви Фирдавсӣ аз тарафи ҲНИТ буд, то ҳоло мушахас нашудааст.

Дар сӯҳбат ба Озодӣ Руқия Нурӣ гуфт, то ба ҳанӯз қитъаи интихоботии ӯ натиҷаи овозҳои гирифтаи ӯро эълон накардааст.

Руқия: «Чандин маротиб бо раиси қитъа дар тамос шудам ва гуфтам, чӣ қадар раъй гирифтам, гуфт, қуттиҳоро ба қитъаи дигар бурдем, он ҷо ҳисоб карда мешаванд.

Ман даъвоии раъйи аксариятро надорам. Вале мехоҳам бидонам, ки чӣ қадар раъй гирифтам. Вале аз рӯзи интихобот ду рӯз мегузарад, то ҳоло ба ман мегӯянд, ки варақаҳоро ҳисоб накардаанд. Ҳол он ки тибқи қонун варақаҳо аз қитъа берун бароварда нашаванд ва бояд дар фурсати аввалин номзадҳои маҳаллӣ мушаххас шаванд».

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилоъи ҲХДТ, номзади ин ҳизб Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисҷумҳур Раҳмон, бо касби беш аз 70 дарсади раъйҳо ба Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе роҳ ёфтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG