Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон аз натиҷаҳои интихобот


Ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон шеваи баргузории интихоботи порлумонии 28-уми февралро шадидан танқид карданд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, то рӯзи савуми март тасмим хоҳад гирифт, ки натиҷаҳои интихоботро бипазирад ё на. Аммо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, эълом дошт, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанберо эътироф намекунад. Бино бар натиҷаҳои пешакие, ки Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон рӯзи душанбе эълон кард, Ҳизби наҳзати исломӣ 7,74 ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 0,72 дарсад раъй овардаанд. Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бино ба маълумоти ӯ, ҳизбаш дар ин интихобот раъйи зиёда аз 30 дарсади интихобкунандагонро ба даст овардааст. Раиси сотсиал-демократҳо Раҳматилло Зойиров интихоботро "ғайриқонунӣ ва ғайридемократӣ" номида, афзуд, аъзои ҳизби ӯ барои барқарор кардани адолат аз тамоми воситаҳои қонунӣ кор хоҳад гирифт ва аз ҷумла ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд
XS
SM
MD
LG