Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси филмсози саршинос дар Теҳрон


Бино бар хабарҳо коргардони саршиноси эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ боздошт ва ба маҳалли номаълум интиқол дода шудааст. Сомонаҳои интернетии мухолифони Эрон ба нақл аз писари коргардон Паноҳи Паноҳӣ хабар медиҳанд, ки нерӯҳои амниятӣ дар як ҳамла ба манзилаш дар Теҳрон дар шоми душанбе ӯро ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва меҳмонҳояш боздошт кардаанд. Паноҳӣ, ки филмҳои ӯ, "Доира" ва "Берун аз хат" дар чандин ҷашнвораи байнулмилалӣ ҷоизаҳои баланд гирифтааст, аз тарафдорони ҷумбиши мухолифон буд. Аввали имсол мақомоти расмӣ ба ӯ иҷоза надоданд, дар ҷашнвораи синемои Берлин ба ҳайси меҳмони фитихорӣ ширкат кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG