Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони гуштии фарангии Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, ки дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳоратии олии варзишии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 100 нафар гуштигирон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат варзида, аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо қувваозмоӣ карданд.

Чаҳор паҳлавони вилояти Суғд – Баҳрулло Отамуродов (дар вазни 60 кг), Фаррух Раҷабов (74 кг), Далер Каримов (84 кг) ва Мурод Тӯйчиев (120 кг), ду гуштигири шаҳри Душанбе – Муҳаммади Нӯъмонзода (55 кг) ва Аҳмад Қодиров (66 кг), инчунин, варзишгари шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Искандари Рустам (96 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тиллои мусобиқа мукофотонида шуданд.

Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев қаҳрамонони нави Тоҷикистон шарафи варзиши кишварро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG