Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони ҷавони самбои Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии самбо байни варзишгарони соли таваллудашон 1992-1993 дар шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 124 нафар гуштигирони ҷавон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат варзида, аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо қувваозмоӣ карданд.

Чаҳор паҳлавони шаҳри Душанбе – Хушқадам Хисравов ( дар вазни то 56 кг), Синои Шавкатзода (то 60 кг), Деваштич Убайдӣ (то 70 кг) ва Фирӯз Алиев (+87 кг), се гуштигири вилояти Хатлон Меҳроҷ Камолов (то 48 кг), Юсуфҷон Зоиров (то 52 кг) ва Зайналобуддини Аъзам (то 75 кг), ду намояндаи вилояти Суғд Шадод Шайхов (то 65 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 81 кг), инчунин, варзишгари шаҳри Ваҳдат Сӯҳроб Маҳмадиев (то 87 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз шуданд.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ ғолибони ин мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон, ки аз 1-ум то 6-уми июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ҳамчунин қаҳрамонони ҷавони самбои Тоҷикистон, мегӯяд Маҳмуди Абдуллоҳ, шарафи варзиши кишварро дар сабқати ҷаҳонии наврасон, ки моҳи октябри соли равон дар Гурҷистон доир мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG