Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо наметавонанд интихоботро ба ҳам зананд


Генерал Дэвид Петреус, ки назорат бар амалиёти нируҳои Амрико дар Афғонистон ва Ироқро бар дӯш дорад, мегӯяд, ба назари вай тундравҳо талош хоҳанд кард, ки интихоботи порламонии 7-ӯми марти Ироқро ба ҳам зананд. Вале вай меафзояд, нируҳои амниятӣ барои посухи муносиб ба чунин рафтор омода мебошанд. Генерал Петреус зимни суханони худ дар донишгоҳи Вандербилти аёлати Тенесӣ рӯзи душанбе гуфт, дар давоми ду ним соли ахир вазъи амниятӣ дар Ироқ хеле беҳтар шудааст, вале нируҳои ал Қоида ҳанӯз хатари аслӣ ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG