Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти ҳукумати Тимошенко номаълум боқӣ мемонад


Қарор аст дар порламони Украина барои ҳукумати Юлия Тимошенко райдиҳӣ сурат бигирад. Хонум Тимошенко дар ҷаласаи кобинаи худ гуфт, чунин райдиҳӣ нишон хоҳад дод, ки чӣ касоне "мухолифи Украина, мухолифи демократия ва мухолифи равандҳои зидди аврупоии давлати нухбаҳои ришвахор ҳастанд". Виктор Янукович дар интихоботи расёати ҷумҳурии 7-ӯми феврал Юлия Тимошенкоро шикаст дод. Ҳоло барои Янукович зарур аст, ки аз 450 намояндаи порламон 226 нафар ба ҳукумати Тимошенко райи адами эътимод диҳанд. Агар намояндагони порламон бар зидди ҳукумати хонум Тимошенко рай диҳанд, дар он сурат ҷиноҳҳои порламонӣ 30 рӯз вақт хоҳанд дошт эътилофҳои нав ва дар зарфи 60 рӯзи баъдӣ ҳукумати нав ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG