Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Ингушетия ваъдаи кӯмакҳоии молӣ кард


Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфтааст, кишвараш барои рушди Ингушетия то соли 2016 1-миллиарду 440-миллион доллар сарф хоҳад кард. Путин ин суханонро дар Магас-маркази идории як вилояти Ингушетия изҳор дошт ва он навъе бозтоби нигаронии Русия аз ташдиди хушунат дар Ингушетия аст. Ингушетия бо Чеченистон ҳамсоя буда, хурдтарин ва фақиртарин минтақаи федеролии Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG