Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбии сафорати Амрико аз интихоботи Тоҷикистон


Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе зимни як ёддошти матбуотӣ хабар додааст, ки ин сафорат бар ҷараёни интихоботи порламонии Тоҷикистон назорат кардааст. Натиҷаҳои муқадамотии ин назорат нишон медиҳад, ки дар ҷараёни райдиҳӣ дар тартиби райдиҳӣ камбудиҳо мушоҳида шудааст ва райдиҳандагон аз номи аъзои хонаводаи худ низ баргаҳои райро ба сандуқҳо рехтаанд. Аз сӯи дигар, дар баъзе мавридҳо аъзои кумиссиюнҳои интихоботӣ ба нафъи ҳизби ҳоким кор кардаанд. Маъракаи таблиғотии ҳизбҳои сисёсии мухолиф маҳдуд будааст. Дар минтақаҳо мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ ҳимоят кардаанд. Боз кардани парванда бар зидди нашрияҳои мустақили "Фараж", "Озодагон", "Азия Плюс", "Миллат" ва "Пайкон" ба имконияти нашрияҳои мустақил барои пӯшиш додани масъалаҳои умумии сисёсӣ таъсири манфӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG