Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои нави Тоҷикистон ба порламон роҳ ёфтанд


Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порламонӣ эълон шуд. Бино ба суханони Мирзоалӣ Болтуев-раиси ин кумиссиюн, ба ҷуз аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ , Ҳизби Наҳати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Куммунист ду ҳизби нави дигар Ҳизби Аграрӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон низ меъёри панҷдарсадиро гузаштаанд ва дар порламон соҳиби курсӣ шуданд. Аммо дар мавриди се ҳизби дигар, ки онҳо низ дар интихобот ширкат доштанд, оқои Болтуев чунин гуфт:

"Ҳизбҳои сиёсии зерин аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз гирифтани мандати вакилии порламон маҳрум шуданд: Ҳизби Демокарати Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон".

Ҳизби ҳокими Халқӣ Демократӣ бо 71,69 дарсади оро аксарияти мутлақи курсиҳоро дар порламони нав соҳиб шуд. Танҳо дар як ҳавза, яъне дар ҳавзаи интихоботии Конибодом интихобот ба даври дуввум кашонда шуд.
XS
SM
MD
LG