Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ба ҳамкорӣ бо Аврупоро бартарӣ медиҳад


Виктор Янукович-раиси ҷумҳури нави Украина изҳор дошт, ки "ҳамгероӣ бо Аврупо" аз бартариҳо дар сиёсати хориҷаи давлати вай ба шумор меравад. Вай ин нуктаро зимни суханонаш дар Бруссел дар ҷараёни нахустин боздиди хориҷиаш дар мақоми раёсати ҷумҳурии Украина изҳор дошт. Дар як нишасти хабарии муштарак бо Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо баъд аз музокирот Янукович гуфт, ки кишвари вай транзити амни гази Русияро ба кишварҳои аврупоӣ замонат медиҳад. Солҳои пеш дар интиқоли транзитии гази Русия ба Аврупо аз қаламрави Украина мушкил пеш омада буд.
XS
SM
MD
LG