Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев таҳрими зидди Эронро истисно намедонад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, агар Эрон дархостҳои байналмиллалиро роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш иҷро накунад, дар он сурат Русия таҳримҳои зидди ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Вай дар як нишасти хабарии муштарак бо Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Елисейи Порис гуфт, вай умедвор аст, ки кор то ба таҳрим нахоҳад расид, вале дар сурати ҷорӣ шудани таҳрим он "мардуми оддиро ҳадаф қарор нахоҳад дод". Фаронса мехоҳад, ки тавассути СММ бар зидди Эрон таҳримҳои шадид ҷорӣ шавад, вале Русия намехоҳад, ки ба Теҳрон фишори зиёд ворид ояд.
XS
SM
MD
LG