Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Караҷич аз сар гирифта шуд


Радован Караҷич, раҳбари пешини сербҳои боснӣ имрӯз зимни муҳокимааш дар Додгоҳи Байналмилалии Гаага, дар баёнияе ангезаи ҷанги сербҳои боснӣ дар соли 1992 то соли 1995-ро “мунсифона ва муқаддас” номид.

Радован Караҷич, ки ба бузургтарин қатли ом дар Аврупо баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум муттаҳам мешавад, рӯзи душанбе баъди таҳрими тӯлонии додгоҳ дигарбора дар додгоҳ ҳозир шуд.

Додгоҳи Байналмилалӣ махсус барои ҷиноятҳои ҷанги Югославияи собиқ Радован Караҷичро бо 11 банд, аз ҷумла ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ муттаҳам мекунад. Ба гуфтаи додситонҳо, Радован Караҷич муҳосираи шаҳри Сараево дар солҳои 1992 то 1995 - ро фармондеҳӣ карда ва қатли оми шаҳри Серебреница, минтақаи таҳти назари Созмони Милал дар соли 1995 ҳам ба дастури ӯ сурат гирифтааст. Дар ин маҳал сербҳои боснӣ тақрибан 8 ҳазор мардону ва наврасони бесилоҳро қатли ом карданд.

Дар сурати собит шудани гуноҳҳои Радован Караҷич, ӯро ҷазои ҳабси абад интизор аст. Вай рӯзи душанбе ба додгоҳ гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ нишон хоҳад дод, ки чӣ гуна мусулмонон сербҳои босниро тайи 500 соли гузашта таъқиб мекарданд. Ӯ мегӯяд: “Ман пеши шумо на барои дифоъи худ, як инсони хокӣ истодаам, балки барои дифоъи бузургии як миллати хурде дар Босниву Ҳерсеговина истодаам, ки барои 500 сол ранҷ кашида ва барои раҳидан то озодӣ, хештандориву устувории азим нишон додааст”.

Радован Караҷич ба додгоҳ гуфт, бо нишон додани таърих ва ҳадафи муқаддас ва одилонаи сербҳои боснӣ барои ҷанг аз худ дар додгоҳ дифоъ хоҳад кард. Раҳбари сербҳои боснӣ сипас истидлол овард, ки ҷангҳои Балкан дар солҳои 1990 сиёсату ниятҳои сербҳо не, балки саъйи раҳбарони хорватҳо ва босниҳои мусулмон будааст. Радован Караҷич ҳамчунин иддаъо кард, ки Олмон ва “нодониҳои дипломатияи ғарбӣ”, тамоюлҳои истиқлолхоҳиро ташвиқ карда ва бо эътирофи қабл аз мавқеъи Хорватия ва Словения, “ҷанги шаҳрвандиро” ногузир кардаанд.

Алан Тиегер – додситони Додгоҳи Байналмилалӣ моҳи октябри соли гузашта зимни мурофиаи додгоҳӣ Радован Караҷичро фармондеҳи маҳви ҷомеаҳои хорват ва мусулмон ва тарроҳи аслии хунрезии бадтарин дар Аврупо баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум хонд. Ӯ гуфт: “Ин қазия, раиси мӯҳтарам, доир ба Радован Караҷич фармондеҳи олӣ ва мардест, ки барои амалӣ кардани дидгоҳи худ дар Боснияи дорои дигар қавм, аз нерӯҳои миллатгаро, нафрат ва тарс кор гирифт”.

Ба гуфтаи додситонҳо, муҳосираи 44 моҳаи Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерсеговина, азияту қатли садҳо зиндонӣ дар боздоштгоҳҳои дорои шароити ғайриинсонӣ бахше аз корзори Радован Караҷич будааст. Аз ҷумла поккории қавмиро, ки дар маҳалли Сребренитса ба авҷи аълои худ расид, кори дасти Радован Караҷич медонанд. Дар соли 1995 дар ин маҳал сербҳои боснӣ, тақрибан 8000 ҳазор наврасу мардони мусулмонро куштанд. Радован Караҷич чаҳор моҳи пеш мурофиаи додгоҳиашро таҳрим карда ва мурофиа ҳам ба таъхир андохта шуд. Вай аз вакили дифоъ ҳам даст кашид, вале баъдан хост, мурофаи ӯро то тобистони соли оянда ба таъхир андозанд. Вале додгоҳ ин дархости ӯро рад кард. Вай ҳамчунин рӯзи душанбе гуфт, ки вақти кофӣ барои 1 миллион саҳифа парвандаи худро надоштааст, ки 415 ҳазор саҳифаи он аз моҳи октябр ба ин сӯ аз тарафи додситонҳо пешниҳод шудааст. Вай даъво кард, ки дар сурати гузоштани вақт ва манобеъи кофӣ дар ихтиёраш шавоҳиду субути хуберо нишон хоҳад дод.

Дар хориҷ аз бинои додгоҳ, гурӯҳе аз заноне, ки азизонашонро дар Серебренитса аз даст додаанд бо тазоҳурот аз додгоҳ тақозо мекарданд, ки нагузоранд, то муҳокимаи ӯ ба дарозо кашад. Яке аз онҳо Мелина Ҳазиселимович – аз Анҷумани Модарони Серебренитса мегӯяд: «Мо барои он даринҷо ҳастем, то ба тамоми ҷаҳон бигӯем, ки қурбониён ҳанӯз ҳам зинда ҳастанд ва мо мунтазири ҳақиқат ва адолат ҳастем ва мо қурбониёни наслкушӣ хоҳони ҳақиқат ва адолат ҳастем".

Аз додситонҳои Додгоҳи Байналмилалии Гаага хоста шудааст, то рӯзи сеюми март нахустин шоҳиди худро ба додгоҳ ҳозир кунанд.
XS
SM
MD
LG