Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидорҳои Виктор Янукович бо раҳбарони Аврупо


Виктор Янукович – раиси ҷумҳури Украина, имрӯз ҳамоиш ба Аврупоро аз авлавиятҳои сиёсатии хориҷии кишвараш хонд. Вай дар ин бора зимни нахустин сафараш ба Брюссел сухан гуфт, ки аввалин сафари хориҷии вай мебошад. Баъди мулоқоташ бо Хосе Мануэл Барросо – раиси Кумиссиёни Аврупо, гуфт, кишвараш транзити бехалали гази содиротии Русия ба Аврупоро кафолат хоҳад дод, ки тайи чанд соли ахир бо мушкилот ҳамроҳ буд.
XS
SM
MD
LG