Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои Радован Караҷич доир ба ҷанги Босния


Радован Караҷич – раҳбари сербҳои боснӣ имрӯз зимни муҳокимааш дар додгоҳи байналмилалӣ гуфт, мардуми вай дар замони аз ҳам пошидани Югославияи собиқ, худро аз бунёдгароёни исломӣ, ки қасди аз худ кардани Боснияро доштанд, дифоъ мекарданд. Вай ҳамчунин гуфт:"Ман он миллати худ ва ҳадафи онро, ки одилона ва муқаддас буд дифоъ хоҳам кард ва аз роҳе, ки қодир ба дифоъи худ ва миллати худам бошам, чаро ки мо парвандаи хубе дорем." Муҳокимаи додгоҳии Радован Караҷич имрӯз дар шаҳри Гаагаи Ҳоланд аз сар гирифта шуд ва ӯ барномаи дифоъаш дар додгоҳро матраҳ кард. Радован Караҷичро ба 11 банд, аз ҷумла ба наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, ва ҷиноят алайҳи башарият дар муноқишаи Босния муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG