Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари сафорати ИМА ба интихоботи Тоҷикистон


Нозирони сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон қонуншиканӣ ва тақаллубҳоеро мушоҳида кардаанд.

Дар баёнияе, ки сафорати ИМА шоми якуми март интишор намуд, мушоҳидаҳои нозирони интихоботӣ аз сафорат нашр шудааст. Дар ин баёния мехонем, «нахустин натиҷаи мушоҳидаи нозироне, ки аз ҷониби ходимони сафоратхона баргузор шуда буд, ба он далолат мекунад, ки тарзи овоздиҳӣ таҳти фишор буда, ноҳинҷориҳо, тақаллуб ва инчунин партофтани ғайриқонунии варақаҳои овоздиҳӣ ба қуттиҳо ҷой дошт.

Нозирони сафорат гузориш доданд, ки шумораи зиёди овоздиҳӣ аз номи дигарон ва барои аъзои оила сурат гирифта, ба овоздиҳандаҳо бе нишон додани ҳуҷҷати шахсӣ варақаи овоздиҳӣ дода мешуд, номураттабӣ ҳангоми шумори варақаҳои овоздиҳӣ ба назар мерасид ва ҳамчунин ҳолатҳои ғаразнок аз тарафи кормандони ҳавзаи интихоботӣ ба манфиати намояндаҳои ҲХДТ мушоҳида мешуд.

Нозирони сафорат инчунин як ҳолати шумори варақаҳои овоздиҳиро мушоҳида карданд, ки ҷамъи шумораи варақаҳои овоздодашудаи ҳавза ба натиҷаи шумораи дар ҳавзаи овоздиҳӣ эълоншуда мувофиқат намекард ва фарқият ба нафъи ҲХДТ буд.»

Дар баёнияи сафорати ИМА ҳамчунин омадааст, сарфи назар аз он ки аҳзоби сиёсии мухолифин имконияти гузаронидани чораҳои маҳдуди ташвиқотии пешазинтихоботӣ доштанд, онҳо бо фишори пурзӯр ва нобаробариҳо дар ташкили ин маърака рӯ бу рӯ шуданд.

Нозирони сафорати ИМА гуфтаанд, интихобот дар расонаҳо, махсусан телевизиони давлатӣ дуруст мунъакис нагардид ва ҳамаи чаҳор шабакаи телевизиони давлатӣ пахши мусоҳибаҳои пешазинтихоботиро рад намуданд.

Нозирони сафорати ИМА таъкид карданд, ки номзадҳо имконияти муҳокимаи озодонаи масъалаҳои умумиҷумҳуриявӣ, танқиди сиёсати ҳукуматро дар расонаҳои оммавӣ надоштанд. Нозирони интихоботии сафорати ИМА қазияи ба додгоҳ кашидани расонаҳои хабарӣ – "Азия-Плюс", "Фараж", "Озодагон", "Миллат" ва "Пайкон"-ро таъсири манфӣ ба имконияти расонаҳои хабарӣ дар бозтоби масоили сиёсӣ арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG