Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонӣ


Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон бо эъломи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонӣ гуфт, ҳизби ҳокими халқии демократӣ тақрибан 72 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ба гуфтаи кумиссиён, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, тақрибан 8 дар сад ва Ҳизби Коммунист бештар аз 7 дар сади орои мардумро соҳиб шудаанд. Бар асоси қонун, танҳо он аҳзобе аз феҳрасти ягонаашон ба порлумон роҳ меёбанд, ки садди панҷдарсадиро убур карда бошанд. Бад ин тартиб, аз феҳрасти ягонаи умуҷумҳуриявӣ ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲКТ дар порлумони соли 2010 намоянда хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG