Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Радован Караҷич дар додгоҳ ҳозир шуд


Радован Караҷич – раҳбари сербҳои боснӣ, ки ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкушӣ муттаҳам мешавад, имрӯз дар Додгоҳи Байналмилалии Гаага ҳозир шуд. Радован Караҷич, ки бе вакили дифоъ аз худаш ҳимоят мекунад, зимни баёнияи ифтитоҳиаш гуфт, ангезаи сербҳо барои ҷанг, “мунсифона ва муқаддас” буд. Раҳбари собиқи сербҳои боснӣ, ки то кунун муҳокимаро таҳрим мекард, қарор аст, шеваи ҳимояташ дар додгоҳро муаррифӣ мекунад. Ӯро бо 11 банд, аз ҷумла наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият дар низоъи солҳои 1995 то 1995 дар Босния муттаҳам мекунанд. Додситонҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ барои Югославияи собиқ мегӯянд, Радован Караҷичи 64-сола, корзори маҳви ҷомеаҳои мусулмон ва хорват дар шарқи Боснияро раҳандозӣ кардаанд, то як кишвари комилан сербнишин таъсис диҳад. Дар сурати таъйиди ин иттиҳом ба Радован Караҷич ҳабси абад таҳдид мекунад. Раҳбари собиқи сербҳои босниро соли 2008 баъди 13 соли фирор дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG