Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистонро "ғайридемократӣ" хонданд


Нозирони Созмони Амният Ҳамкории Аврупо эълом карданд, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба таққалубкориҳои зиёд олуда буд ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашуд. Дар гузориши муқаддамотии нозирони ин созмон омадааст, бо вуҷуди баъзе аз пешрафтҳои хурд ва дар фазои ором баргузор шудани интихобот, ин корзори сиёсии Тоҷикистон ба меъёрҳои бунёдии демократӣ мувофиқат намекард. Нозирони ин созмон гуфтанд, ки дар рӯзи интихобот қонушиканиҳои фаровоне мушоҳида шуд, аз ҷумла раъйдиҳии хонаводагӣ, раъйдиҳӣ аз номи афроди дигар ва пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ. Пиа Кристмас Моллер – муовини раиси Шӯрои Порлумонии Аврупо ва ҳамоҳангсози нозирони кӯтоҳмуддати интихоботи ин созмон бо нашри баёнияе гуфт, “Ман хушҳолам, ки интихобот дар маҷмӯъ дар фазои хубе баргузор шуд, аммо бисёр маъюсам, ки ин интихобот ба бисёре аз меъёрҳои аслии демократӣ мувофиқ набуд.” Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи якшанбе баргузор шуд ва ба гуфтаи мақомот дар он бештар аз 80 дар сади мардум ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG