Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як маргталаб чаҳор ғайринизомии афғонро кушт


Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, ки имрӯз дар як бомбгузории интиҳорӣ, ки ҳадафи он мошинҳои сарбозони НАТО будааст, чаҳор фарди мулкӣ ва як сарбози НАТО кушта шудаанд. Ба гуфтаи вазорат, як бомбгузори маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба корвони мошинҳои НАТО равона кардааст, ки дар шоҳроҳи миёни шаҳри Қандаҳор ва ноҳияи Спинболдак, воқеъ дар марзи Покистон ҳаракат мекарданд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО ҳанӯз дар ин маврид иттилоъе нашр накардаанд. Нерӯҳои Амрико, НАТО ва Афғонистон дар вилояти Ҳилманд амалиёти васеъмиқёсе ба зидди Толибон анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG