Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади ҲСДТ дар ҳавзаи интихоботии 41-уми Хоруғ Алим Шерзамонов ва номзади ҲНИТ аз ҳавзаи интихоботии 40-уми Ванҷ Мирзораҳим Кузов мегӯянд, интихобот дар ҳар ду ҳавза ғайришаффоф баргузор шуд.

Ба иттилоъи комиссияи ҳавзаи интихоботии Хоруғ Отамшо Мақбулшоев ба комиссия як шикояти расмӣ аз нозирони номзад ба вакилӣ аз ҲСДТ дар мавриди ҷой доштани тақаллубкорӣ дар қитъаи овоздиҳии Занудҷи ноҳияи Роштқалъа ворид шуда, комиссия бекор кардан ва ё накардани натиҷаи овоздиҳиро дар ин қитъа мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба гуфтаи узви комиссияи ҳавзавӣ Шодмон Ҷонибеков, дар қитъаи мавриди баҳс аъзои комиссияи қитъавӣ бидуни огоҳии нозирон ба манзури ташкли раъй барои интихобкунандагони солманд ва бемор бо қуттии иловагӣ ба маҳалли зисташон рафтанд, аммо нозирон бар ин назаранд, ки баргаҳои раъйи даруни қуттӣ тақаллубӣ ва ба ҷонибдорӣ фақат аз як номзад мебошанд ва ба ин далел ва бо талаби онҳо қуттӣ ба ҳавза оварда шудааст.

Шералӣ Шералиев, нозири ҲСДТ, дар як қитъаи раъйдиҳии шаҳр, воқеъ дар бинои литсей, дар рӯзи баргузории интихобот ба хабарнигорон баргаҳои раъйдиҳиро нишон дод, ки дар онҳо ба ғайр аз ному насаби номзад аз ҲХДТ исми дигарон пешакӣ хат зада шуда буд ва ба гуфтаи вай, ин баргаҳои раъйдиҳӣ аз дасти интихобкунандагон гирифта шуданд, ки аъзои комиссия ба хотири тақаллубкорӣ ба таври изофӣ ба интихобкунандагон додаанд.

Номзад аз ҳавзаи Ванҷ Мирзораҳим Кузов гуфт, аз ҷониби нозирони вай ҳодисаҳои ба ҷойи якчанд нафар овоз додани як интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, номзад аз ҲХДТ дар ҳавзаи Хоруғ Мирганд Шаҳбозов овози бештар гирифтаст. Аммо масъулини комиссияи ҳавзавӣ мегӯянд, ҷиҳати банд будани роҳҳо аз барфу тарма ва то ба ҳол ба дасташон нарасидани протоколҳои натиҷаи овоздиҳӣ аз ноҳияҳои дурдасти Мурғобу Ишкошим онҳо ба эълони натиҷаи пешакии раъйдиҳӣ низ омода нестанд.


Дар як ҳавзаи интихоботии Тавдеми Роштқалъа аз 3600 овоз бештар аз 700-тояш ба далели ин ки интихобкунандагон номи ду нафар вакили маҷлиси маҳаллиро дар баргаҳои раъй боқӣ гузоштанд, беэътибор дониста шудаанд.

Дар қитъаи раъйдиҳии Чарсем ба ғайр аз нозири номзадҳо аз ҲХДТ ягон нозири дигар ширкат надошт. Ба гуфтаи раиси комиссияи қитъавӣ, шояд боришоти зиёди барф ва тармарезӣ монеъи ширкати нозирони номзадҳо аз аҳзоби дигар шудааст.


Ба иттилоъи расмӣ, дар интихоботи 28-уми феврал 85,5 дарсади интихобкунандагони қитъаҳои раъйдиҳии Бадахшон ширкат варзидаанд.
XS
SM
MD
LG