Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ - барандаи Ҷоми даъвати AFC-2010


Дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2010 ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 гардид.

Дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Коломбо баргузор шуд, мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо дастаи миллии Туркманистон қувваозмоӣ кард.
Замони асосии дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Бердӣ Шоҳмуродов, бозигари туркман, дар дақиқаи 32-юм ҳисобро боз кард. Рян Ен Ги, бозигари кореягӣ, дар дақиқаи 76-ум ҳисобро баробар намуд. Дар замони изофӣ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дар шаҳри Коломбо дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Мянмар барои ҷои сеюм талош карданд. Голи ягонаи Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 11-ум тақдири бозиро бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом дод. Футболбозони тоҷик ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2012 роҳхат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG