Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров дар Рашт пешсаф аст


Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ ба вакилии Маҷлиси олӣ аз ҳавзаи Рашт Шукурҷон Зуҳуров аксарияти раъйи мардумро ба даст овардааст.

Фузайлшо Идиев, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 12-и Рашт, ба хабарнигори Озодӣ гуфт, 74 дарсади сокинони ин ноҳияи ба ҷонибдории Шукурҷон Зуҳуров овоз додаанд ва рақиби ӯ – номзади инфиродӣ Давлати Усмон ҳамагӣ 25 дарсади ороро соҳиб шудааст.

Ҳамзамон натиҷаҳои интихобот дар дигар шаҳру навоҳии водӣ маълум нашудааст ва интизор меравад, пас аз шумориши тамоми баргаҳо натиҷаи расмии сабқат дар соатҳои наздик эълон шавад.

Вале коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки натиҷаи интихобот аллакай маълум аст, зеро таносуби ҳосилшудаи оро дар маркази водӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Бештари таҳлилгарони масоили сиёсӣ интизор доштанд, ки ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт ба яке аз нуқоти доғи интихоботи парлумонӣ табдил хоҳад ёфт. Зеро ҳарду номзади аслии ин ҳавза - Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Давлати Усмон аз роҳбарони пешини Наҳзати исломии Тоҷикистон барои интихобкунандагони худ шахсони мӯҳтарам ва шинохташуда мебошанд.
XS
SM
MD
LG