Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар қитъаи интихоботии воқеъ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон масъулини комиссиюни интихобот ба нозирон иҷозаи ширкат ҳангоми шумориши овозҳоро надодаанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни раъйдиҳӣ назорати нозирони байнулмилалӣ, ки аз кишварҳои Белорус, Қирғизистон ва Муғулистон буданд, назаррас набуд, зеро барои онҳо дар утоқи алоҳида ҷой муайян карда буданд.

Дар ҳамин ҳол Валерий Жданович, мушовири сафорати Беларус дар Қазоқистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай ягон тахаллуфкориро дар қитъаи Алмаато мушоҳида накардааст.

Вале як интихобкунанда дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ба назар чунин мерасид, ки интихобот дар Алмаато бидуни ширкати нозирон сурат гирифт. Бар илова, аъзои комиссиюн ба интихобкунандагон барои овоздиҳӣ маслиҳат медоданд, ки ин хилофи қонуни интихобот аст.

Аммо ширкати овоздиҳандагон дар қитъаи интихоботии Алмаато назар ба интихоботҳои қаблӣ фаъол ба назар мерасид. Беҳзод Икромов, донишҷӯи соли авали бахши равобити байнулмилалии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, мегӯяд, умед дорад, ки бо ширкат дар интихобот ва раъйии хеш ба ояндаи кишвар саҳмгузор хоҳад буд.

Баъди анҷоми раъйдиҳӣ ба нозирон ва хабарнигори радиои Озодӣ низ ширкат дар назорати раъйшумориро надоданд. Масъулин гуфтанд, ки онҳо дар бораи натиҷаҳои интихобот баъди соати 22:00 хабар хоҳанд. Вале ин иттилоъ соати 5–и субҳ расид.

Шеравлиё Мирзоавлиёев, яке аз масъулини қитъаи интихоботии Алмаато, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, Ҳизби халқӣ-демократӣ рои аз ҳама зиёд ба даст овардааст.

Вале, дар ҳамин ҳол ширкат надоштани нозирон ҳангоми шумориши овозҳо шаффофу мунсифона доир гардидани интихоботро дар ин қитъаро зери суол мегузорад.
XS
SM
MD
LG