Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Андрей Дригин ба марра нарасид


Андрей Дригин, намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Ванкувер

Андрей Дригин, намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Ванкувер

Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, дар навъи охирини рақобатҳо - слалом ба марра нарасид.

Аз 102 нафар ширкаткунандагони ин сабқат 54 нафар ба марра расиданд. Медали тиллои олимпиро Рассоли Ҷулиано, лижарони итолиёӣ, бо натиҷаи 47,79 сония соҳиб шуд. Медали нуқра насиби Валенчич Митя (Словения, 48,22) гардид. Медали биринҷиро Райх Бенҷамин (Австрия, 48,33) ба даст овард.

Дар навъи слалом аз намояндаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Закурдаеви қазоқистонӣ ҷои 43-юм ва Шамаеви узбакистонӣ ҷои 48-умро касб карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG