Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз ситоди аҳзоби сиёсӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар чаҳор ҳавзаи интихоботии пойтахти Тоҷикистон номзадҳо аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо касби аксари оро пешсаф шудаанд.

Тибқи маълумоти ин манобеъ, ҳамаи чаҳор номзадҳои ҲХДТ беш аз 70 дарсади раъйи мардумро ба даст овардаанд. Номзадҳои Ҳизби наҳзати исломии ин ҳавзаҳо дар ҷойи дуввум қарор гирифтаанд. Аз ҷумла дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе номзад аз ҲНИТ Мирзомуҳаммади Навид ҷои дуввумро касб карда, Раҳматилло Зойировро ба ақиб гузоштааст.

Бино ба маълумоти расида аз ситоди интихоботии шаҳри Конибодом, дар ин ҳавза интихоботи такрорӣ баргузор хоҳад шуд. Зеро ҳеҷ як аз номзадҳо миқдори кофии раъй барои пирӯзиро ба даст наовардаанд. Дар даври дуввуми интихобот дар ин ҳавза сабқат миёни Насрулло Маҳмудов аз ҲХДТ ва Шокирҷон Ҳакимов аз ҲСДТ сурат хоҳад гирифт.

Аммо натоиҷи расмии интихоботи парлумонӣ аз сӯи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон нашудааст. Қарор аст маълумоти расмӣ пас аз зуҳри имрӯз ироа шавад.

Абдураҳмон Абдуманнонов, сухангӯи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, субҳи имрӯз иттилоъ дод, ки нишасти хабарӣ дар мариди натоиҷи аввалияи интихобот дар соати 15:00 баргузор хоҳад шуд.

Аммо дирӯз намояндагони Кумисюни интихобот мегуфтанд дар соати нӯҳи субҳ ҳама иттилоъ дар мавриди натиҷаи интихоботро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳанд гузошт.

Сабаби ба таъхир уфтодани замони баргузории нишасти хабариро Абдураҳмон Абдуманнонов ба бориши зиёди барф дар навоҳии кишвар рабт дод, ки имкон надодааст, масъулони ҳавзаҳо баргаҳои раъйро ба Кумиюсни интихобот расонанд.

Ҳамзамон бархе аз аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, ки нишастҳои хабарии худро созмон хоҳанд дод. Ҳикматулло Сайфуллозода, номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ ба радиои Озодӣ аз баргузории нишасти хабарии ҲНИТ дар давоми рӯз иттилоъ дод.

Як масъули ҳайати нозирони САҲА гуфт, ки нозирони ин созмон натиҷаи мушоҳидаҳои худро имрӯз дар як нишасти хабарӣ баён хоҳанд дошт.

Тафсилоти ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар ин саҳифа бихонед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG