Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада қаҳрамони хоккей ва қаҳрамони бозиҳои олимпӣ


Дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада дастаи хоккеи Канада дар вақти иловагӣ дастаи мунтахаби хоккеи Амрикоро шикаст дод ва барандаи медалҳои тиллои бозиҳои олимпӣ шуд. Дар дақиқаи 7-у 40 сонияи вақти иловагӣ Сидней Кросбӣ ҳисобро ба 3 бар 2 расонд ва дастаи худро ғолиби ин бозиҳо кард. Бад-ин тариқ медалҳои тиллои Канада дар ин бозиҳо ба 14 адад расид ва ин кишвар бо бештарин медалҳои тилло дар бозиҳои зимистона мақоми аввалро гирифт. То ҳол кишваре 14 медали тилло ба даст наовардааст. Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои маҳвҷудияти худ 13 медали тилло ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG