Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Душанбе ғайб зад


26-ӯми феврал дар байни соатҳои 19 то 21-и шом дар шаҳри Душанбе Неъматулло Ботакозуев-шаҳрванди Қирғизистон ғайб задааст. Ниҳодҳои интизомии кишвараш вайро ҷустуҷӯ мекарданд. Бори ахир вайро кормандони дафтари Кумиссари Олии СММ дар умури паноҳҷӯён дар шаҳри Душанбе дидаанд. Яке аз кормандони намояндагии ин созмон дар Душанбе ба Надежда Атаева-раиси анҷумани "Ҳуқуқи Башар дар Осисёи Марказӣ" марказаш дар Фаронса хаттӣ хабар додааст, ки Ботакозуев чун паноҳҷӯ дар дафтари Душанбе сабти ном шудааст, вале ба вай то ҳол ҳуҷҷат надода будаанд. Ботакозуев яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Қирғизистон аст ва аз соли 2004 ба ин сӯ аз сӯи кормандони интизомии Қирғизистон таъқиб мешавад. Вайро барои даст доштан дар созмон додани тазоҳурот муттҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG