Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 85 % дар интихоботи Тоҷикистон ширкат кардаанд


Қарор аст соати 9-и субҳ Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистонро эълон кунад. Чанд соат пеш дар Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон дар ин бора ба хабарнигори радиои Озодӣ хабар доданд. Ин кумиссиюн гуфтааст, беш аз 85 дарсади шаҳрвандони воҷиди шароити рай дар интихобот ширкат кардаанд. Шумориши орои ворида аз қитъаҳои интихоботии хориҷи кишвар идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз андохтани баргаи рай ба сандуқи райдиҳӣ гуфт ин интихобот рӯйдоди муҳиме дар "пешрафти ҳаёти сисёсӣ ва иҷтимоии кишвар аст". Интизор намеравад, ки натиҷаҳои интихобот мавқеи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, яъне ҳизби ҳокими кишварро дар порламони оянда тағир диҳад.
XS
SM
MD
LG