Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни зилзила дар Чилӣ ба 708 нафар расид


Мишел Бачелет-раиси ҷумҳури Чилӣ зимни суханони худ аз телевизиони кишвараш изҳор дошт, ки шумораи қурбониёни зилзилаи рӯзи шанбе ба 708 нафар расидааст ва икон дорад ин шумора афзоиш ёбад. Аз телевизион ҳамчунин саҳнаҳое аз харобиҳои зилзила дар бандари моҳигирии Конститутсия воқеъ дар 350 километрии Сантяго-пойтахти Чилӣ нишон дода шуд, ки чӣ тарз дар натиҷаи зилизила ва тсунамӣ хонаҳо хароб шудаанд ва мавҷи об киштиҳои моҳигириро аз соҳил дур андохтааст. Ҳукумати Чилӣ дар манотиқи сахт осебдида қуюди шабгардӣ эълон кардааст. Садҳо ҳазор хона ва баъзе шоҳроҳҳо дар саросари Чилӣ аз зилзилаи фоҷеъабори рӯзи шанбе хароб шудаанд.
XS
SM
MD
LG