Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 мусофир аз инифҷор дар Ҳилманд


Аз таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон 11 мусофири осоишта ба ҳалокат расидаанд. Сухангӯи раиси вилоят Довуд Аҳмадӣ мегӯяд, ду кӯдак ва ду зан дар ин инфиҷор кушта шудаанд. Ин ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки ҳазорон сарбози Иёлоти Муттаҳида, НАТО ва артиши Афғонистон сар аз 13-ҳуми феврал дар ин вилоят амалиёти густардае анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG