Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси як қитъаи раъдиҳӣ дар ҳавзаи Вахш иддаъо дорад, ки Сайвалӣ Нуров, номзад ба вакили порлумони Тоҷикистон аз ин ҳавза, ӯро латукӯб кардааст.

Рақобатҳои интихоботӣ натанҳо аз роҳи дипломатия ва сиёсат сурат мегиранд, балки бо муштзӯриву латукӯби довталабони курсиҳои порлумони Тоҷикистон ҳам анҷом меёфтаанд.

Ғоиб Хоҷаназаров, раиси қитъаи раъйгирии №20, воқеъ дар ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, имрӯз, 28 феврал, аз сӯйи вакили парлумони феълӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров мавриди муштзӯрӣ қарор гирифтааст. Вай мегӯяд, имрӯз С. Нуров вориди қитъаи раъйдиҳии № 20 шуда, марди солмандеро бо баргаҳои худ ва хонумаш рӯйи даст дарёфтааст. Ба гуфтаи Ғ. Хоҷаназаров, азбаски завҷаи пирамард бознишаста ва беморд будааст, имкони ба пойи сандуқи раъй рафтан надоштааст, биноан, масъулони интихоботӣ ба мӯйсафед иҷоза додаанд, то аз номи хонумаш низ раъй бидиҳад.

Он гуна ки раиси қитъаи овоздиҳӣ мегӯяд, бо дидани ин саҳна, номзад ба вакилии парлумон Сайвалӣ Нуров ба хашм омада, ба фарқи сар ва пасон ба шонаҳои Ғ. Хоҷаназаров мушт задааст.

Дар ҳамин ҳол, худи Сайвалӣ Нуров дар як тамоси телефонӣ гуфт, ҳодисаи латукӯби раиси қитъаи раъйдиҳӣ бофтаи тахайюли рақибони сиёсиаш мебошад.

Ӯ мегӯяд: -Рад намекунам, ки бо дидани манзараи қонуншиканиҳои маҳз, назири ба ҷойи тамоми оила овоз додани танҳо як нафар, баргаҳои зиёдро ба дасти як нафар таслим кардан ва мисли ин, нороҳат ва асабӣ шуда будам. Аз масъулони интихоботӣ тақозо кардам, ки пеши роҳи қонуншиканиҳоро бигиранд, то ки тақдири номзадҳо ва интихобкунандаҳо имрӯз ҳал мешавад. Аммо онҳо эътирозу эродҳои моро ба инобат нагирифтанд. Ҳатто нозирони мо акт карданд, онро дар комиссияи интихоботӣ имзо накарданд…

Сайвалӣ Нуров ҳамагуна ҳодисаи латукӯбро рад мекунад ва мегӯяд чунин иддаое сиҳҳат надорад.

Дар ҳамин ҳол, Ғоиб Хоҷаназаров, раиси қитъаи раъйдиҳии №20-и ноҳияи Вахш мегӯяд, на танҳо ҳашт узви комиссияи интихоботӣ, балки шумори зиёди интихобкунандаҳо шоҳиди манзараи латукӯб шуданд. Вай афзуд, шоҳидон баёнот доданд ва тасдиқ карданд, ки ин ҳодиса дар воқеъ сар зад. Ғ. Хоҷаназаров афзуд, "шикояти расмии маро бо тасдиқи шаҳодати шоҳидон кормандони милиса, додситонӣ ва кумитаи амнияти миллӣ ба қайд гирифтанд…"

Дар ҳамин ҳол, хабари вуқӯъи ҳодисаи мазкурро масъулони ҳавзаи интихоботии Вахш-32, дафтари Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Вахш ва ситоди интихоботии Абдуҷалол Салимов, номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон тасдиқ карданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон дар солҳои 2005-2010, собиқ раиси ноҳияи Вахш ва собиқ муовини раиси вилояти Хатлон Сайвалӣ Нуров ин дафъа аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихоботӣ шудааст.

Дар ҳавзаи интихоботии Вахш-32 аз оғоз чаҳор номзад, ки ҳамагӣ узви Ҳизби халқии демократӣ ҳастанд, ҳамчун номзад ба вакили парлумон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, дар миёни чаҳор довталаб, ду вакили порлумони феълӣ Абдуҷалол Салимов – собиқ раиси вилояти Хатлон ва вазири нақлиёт ва Сайвалӣ Нуров – собиқ раиси ноҳияи Вахш аз шонси бештари барандагӣ бархӯрдор ҳастанд.

Номзад Сайвалӣ Нуров дар ду ҳафтаи пеш аз он изҳори ташвиш карда буд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқи ӯро барои анҷоми дидору мулоқот бо раъйдиҳандаҳо ва тарғиби барномаи пешазинтихоботияш таъмин намекунанд. Ҷаноби Нуров гуфт, сабаби аслии монеасозиҳои мақомотро дар он мебинад, ки вай на аз ҷониби Ҳизби Ҳокими Халқии демократӣ, балки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихоботӣ шудааст:
XS
SM
MD
LG