Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт-Петербург интихобот чӣ гуна сурат гирифт?


Дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби ҷамъияти тоҷикон - "Сомониён" барои муҳоҷирони Тоҷикистони дар қароргоҳи ҷамъият дар кӯчаи Лиговскийи маркази шаҳр шароити овоздиҳӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо теъдоди овоздиҳанда ниҳоят кам аст. Ҳамохангсози ҷамъият Фарҳод Абдуллоев, ки ҳамроҳи оилааш омада овоз дод, мегӯяд бо вуҷуди фароҳам овардани шароити овоздиҳӣ сафи интихоботкунандагон коҳиш ёфтааст.
Инак, андешаи чанде аз муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба интихобот :

Илёси Аббоспур, 20 сола: Дар бораи интихобот, умуман, тасаввурот надорам, намедонам аз овози ман оё ягон тағирот мешавад ё не?

Наргиса Рахмонова 34 сола: Бале дар Тоҷикистон интихобот аст гуфтанд, шунидам, аммо ин ҷо имкони овоздиҳӣ надорам. Корам фаррошӣ аз соати 8 субҳ то 9 шом.

Алишер Орипов: Барои интихобот дар Тоҷикистон лозим мешавем. Ин ҷо кор кардан даркор. Ман дар куҷо будани ҷамъияти тоҷиконро намедонам.

Ҳарчанд фаъолони Ҷамълияти тоҷикон байни муҳоҷирон даъват ба интихобот мекунанд, аммо миёни ҷавонон бетафовутӣ ба сиёсат мушоҳида мешавад.

Оро Маъруфпур,
Санкт-Петербург, махсус барои Озодӣ
XS
SM
MD
LG