Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури камранги мардум дар қитъаҳои раъйдиҳӣ, сандуқҳои нимахолӣ, овоз додани як тан ба ҷои чанд нафар, нарасидани даъватнома ба аксари сокинони шаҳр, ҳамзамон ворид шудани ду ва ё се нафар ба ғурфаи раъй аз бетаваҷҷӯҳӣ ва қонуншиканиҳое баршумурда мешавад, ки дар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон рух додаанд.

Ин амалҳоро нозирони аҳзоб, бархе номзадҳо ва раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар қитъаҳои овоздиҳӣ рӯзи 28-уми феврал баён доштанд.

БЕ ДАЪВАТНОМА

Ҷавҳаршо Имматшоев, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, субҳи барвақти 28-уми феврал ба қитъаи райъдиҳӣ дар маҳаллаи “Профсоюз” омада, номи худро дар қатори раъйдиҳандагон меҷуст. Вай гуфт, ба номи ӯ ва ҳамсару фазандонаш, ки ҳамагӣ қобили раъянд, даъватнома нафиристодаанд: “Ман ҳоло омадам. Дар ягон ҷо номи ман нест. Раиси участкаро пурсидам. Гуфтанд, ки шояд фаромӯш шуда бошад. Як кас, ду кас бошад, хайр. Аммо панҷ нафар чӣ хел фаромӯш мешавад? Агар ин хел панҷ нафариро фаромӯш карда бошанд, кӣ медонад чӣ қадарро фаромӯш кардаанд”.

Ин дар ҳолест, ки ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ низ иттилоъ дод, ки номи Ҳикматулло Сайфуллозода, номзади ин ҳизб ба вакилии парлумон, аз рўйхати овоздиҳандагони ҳавзаи Синои пойтахт ҳазф шудааст. Оқои Сайфуллозода мегӯяд, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даҳ сол ба ин сӯ зиндагӣ дорад ва чунин амалкарди масъулони ҳавза нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии ӯст.

ШИКВАИ НОЗИРОН

Вақте мо ба қитъаи овоздиҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омадем, як хонуми нозир аз ҳайати нозирони кишварҳои узви муштаракулманофеъ гуфт, чанд мавридеро мушоҳида кардааст, ки ду раъйдиҳанда якбора вориди ғурфаи овоздиҳӣ шудаанд. Замоне мо ӯ суҳбат доштем, яке аз масъулини қитъа наздик шуд ва гуфт, ки таваҷҷӯҳи нозиронро халалдор накунем ва берун оем.

Муқим Сафаров, нозири Ҳизби наҳзати исломиии Тоҷикистон, дар яке аз ҳавзаҳои пойтахт ишора намуд, ки онҳоро дар як кунҷи дур аз ҷои додани баргаҳои раъй шинондаанд ва онҳо тақрибан чизеро мушоҳида намекунанд. Вале вай афзуд, ҳамзамон дар ғурфаи раъй ворид шудани ду нафарро бо чашмони худ дидааст.

Як нозири Ҳизби демократ низ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки масъулони ҳавза намегузоранд, онҳо аз наздиктар ҷараёни пур кардани баргаҳоро назорат кунанд. Дар ҳоле ки мо аз ҳавзаи райъдиҳии рақами 32-и ноҳияи Шоҳмансур дидан мекардем, дидем, ки ба афроди кӯҳансол раҳбарони участкаҳо нишон медоданд, ки чӣ гуна болои номи номзадҳои инфиродӣ ва аҳзоб хат кашанд.

Шикоятҳои пайиҳами нозирони аҳзоб ва афроди дигар моро водор намуд, то ба назди яке аз масъулони ҳавзаи пойтахт Абдулло Ҳабибов биёем. Абдуллоҳ Ҳабибов, масъули ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино аст. Вай гуфт, интихобот ором ва мувофиқи қонун идома дорад. Аммо ӯ гуфт, ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон ба ҷои нозироне, ки бояд ба қитъаҳои раъй мефиристод, афроди дигарро фиристодааст.

ВА…

Бо вуҷуди он ки бархе аз нозирони аҳзоби сиёсӣ омадани мардумро камфаъол арзёбӣ мекунанд, вале тақрибан дар нимаи рӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи порлумониро баргузоршуда эълон кард. Бархе аз номзадҳо ва қонундонҳо ба ин эълони зудраси Комиссияи марказии интихобот бо шубҳа менигаранд.

Бо ин ҳол, нозирони байнулмилалӣ ба таври дақиқ назари худро роҷеъ ба ҷараёни интихобот баён накардаанд. Танҳо нозирони узви кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ ё СНГ гуфтанд, ки дар ҷараёни интихобот ҳеҷ гуна хилофкриро мушоҳида накардаанд. Аммо мудири БДИПТЧ Ҷейнс Ленарчич, ки ҷараёни интихоботро дар ҳавзаи рақами 34-и пойтахт дидан мекард, гуфт, хулосаву мушоҳидаҳои худро як рӯз баъд аз интихобот дар ҳузури хабарнигорон эълон хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG