Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар Бишкек


Яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ, ки Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар таъсис додааст, дар бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек мустақар буд.

Дар ин қитъаи раъйдиҳӣ ҳудуди 600 шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои кору таҳсил ба Қирғизистон омадаанд, барои ширкат дар интихоботи парлумонии кишварашон сабти ном буданд.

Гулноз Мирзоева, консули сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, соати шаши бегоҳ роҷеъ ба иштироки шаҳрвандони кишвараш дар маъракаи раъйдиҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шумори умумии овоздиҳандагон, ки дар ҳавзаи интихоботии сафорат сабти ном шудаанд, то соати шаши шом 63 дарсади раъйдиҳандагон ҳозир шуданд. Вай афзуд, дасти кам чиҳил нафар, ки қаблан сабти ном нашуда буданд, барои ширкат дар маъракаи раъйдиҳӣ ба ҳавзаи интихоботии сафорат омаданд ва ба тарафдории номзадҳои худ овоз доданд.

Ба гуфтаи Гулноз Мирзоева ба далели дурии роҳ намояндаи ҳавзаи интихоботии сафорат як рӯз пеш аз маъракаи овоздиҳӣ ба минтақаи ҷануби Қирғизистон рафт. Вай гуфт, тибқи омодагирии пешакӣ ба ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қисмати ҷануби Қирғизистон ба кору таҳсил машғул ҳастанд, имкон фароҳам оварда шуд, то ки барои пеш аз вақт раъй додан ҳозир шаванд.

Дар ҷараёни раъйдиҳӣ чанд тан аз овоздиҳандагонро низ ба сӯҳбат кашидам:

«Ман Райҳон Ҷонбекова ҳастам ва дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ таҳсил мекунам. Чанд рӯз пеш намояндагони сафорати Тоҷикистон ба донишгоҳи мо омаданд ва қадри имкон бо номзадҳо моро ошно карданд. Бори дуввум аст, ки дар интихобот ширкат мекунам ва фикр мекунам, ки ба тарафдории номзади муносиб овози худро додам».
Худоӣ Иззатмамадов, донишҷӯ: «Бори аввал аст, ки ба маъракаи раъйдиҳӣ омадам ва бароям ширкат дар ин маърака хеле аҷиб буд».

Бо ибтикори як гурӯҳ соҳибкорони тоҷики муқими Бишкек дар ҳавлии сафорат дар деги калон оши палави тоҷикӣ пухта шуд. Раъйдиҳандагони зиёд баъди тановули ин оши палав аз сурудҳои ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир баҳра бурданд.
XS
SM
MD
LG