Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи ором ва пур аз камбудӣ


Бар пояи маълумоти комиссияи интихоботии вилояти Суғд, то соати 2–и имрӯз 755 ҳазор овоздиҳанда ва ё ҳудуди 65 дарсади марудм дар интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ раъй додаанд.

Субҳ дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 37 ва 19-и шаҳри Хуҷанд даҳҳо сокини синну солашон мухталиф дар пои қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир буданд. Аз сӯҳбат бо онҳо маълум гардид, ки бархе огоҳона ба номзадҳои писандидаи худ овоз додаанд ва бархеҳо, ба истилоҳ, таваккалӣ.

Нозирони Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳавзаҳои Хуҷанд 200 мавриди нақзи қонуни интихоботро мушоҳида кардаанд ...
Хуршеда Атобоева, муовини раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи рақами 19 ба Озодӣ гуфт, интихобот дар ин ҳавза аз сӯи намояндагони 8 ҳизби сиёсӣ назорат мешавад ва то ҳол аз ҷониби онҳо дар мавриди кадом халал ва қонуншикании ҷиддӣ шикоят нашудааст.

Ба сурати умум интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаву қитъаҳои шаҳру навоҳии Суғд оромона идома дошт. Вале ситодҳои бархе аз аҳзоби сиёсӣ ба камбудиҳои ҷиддие ишора мекарданд.

Аз ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд ба Озодӣ хабар доданд, ки нозирони онҳо дар ҳавзаҳои Хуҷанд 200 мавриди нақзи қонуни интихобот, масалан дар қитъаҳои рақамҳои 2 ва 52 ба ҷои чанд кас раъй додани як нафарро мушоҳида кардаанд ва санадҳо тартиб додаанд.

Илҳомҷон Ёқубов аз масъулини бахши ҲНИТ, ки номзадиашро аз ҳавзаи инфиродии рақами 13 гузоштааст, гуфт, субҳи рӯзи интихобот ҳамсараш – Фарида Ёқубоваро аз узвияти комиссияи ҳавзавӣ хат заданд ва дар ин маврид ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, ки дар ҳавзаи инфиродии Конибодом барои дарёфти курсии парлумонӣ мубориза мебарад, низ мавориди қонуншиканиҳо, мисли кам будани варақаҳои овоздиҳӣ, пешниҳоди варақаҳо ба забони узбакӣ дар бархе аз маҳалҳои тоҷикнишинро зикр кард.

Вай афзуд, аксарияти аъзои комиссияҳои интихоботии ин маҳалро намояндагони ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ ташкил медиҳанд ва дар ҳавзаву қитъаҳо кӯшиш доранд ба манфиати ин ҳизб ва номзадҳои он кор кунанд.

Ба гуфтаи масъулини бахшҳои ҳизбҳо, муҳимтарин камбудие, ки нозирони онҳо дар ҳавзаву қитъаҳои раъйдиҳӣ рӯ ба рӯянд, дур будани ҷойи нишасти нозирон аз қуттиҳои овоздиҳӣ дар бархе аз ҳавзаву қитъаҳо аст. Онҳо мегӯянд, ин ҳолат намегузорад нозирон ҷараёни овоздиҳиро хуб мушоҳида кунанд.
XS
SM
MD
LG