Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо бо полиси исроилӣ дар ибодатгоҳи Қудс


Полиси Исроил мегӯяд, маҷбур шудааст, барои пароканда кардани эътирозгарони фаластнӣ вориди ибодатгоҳи Қудс гаштааст. Сухангӯи полиси Исроил, Миккӣ Розенфелд мегӯяд, фаластиниҳо сайёҳонро сангборон кардаанд. Полис ба ҳавелии масҷид ворид шуда, аз 20 то 30 эътирозгари ниқобпӯшро пароканда кардааст. Дар бораи захмиён ё бошдоштҳо иттилоъ нарасидааст. Ибодатгоҳи Қудс, ки масҷиди Ал-Ақсо бахше аз он аст, аз тарафи исроилиҳо ҷойгоҳи аввалин ибодгоҳи яҳудиён шумурда мешавад, аммо мусулмонон инро рад мекунанд. Ташаннуҷ дар ин ҷо дар ҳоле боло гирифт, ки ҳукумати Исроил эълом дошт, ин макон ба феҳрасти мероси миллии Исроил шомил хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG