Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбари ҷумбиши ҷудохоҳони баск ЕТА


Вазорати умури хориҷии Испания хабар дод, ки раҳбари созмони ҷудоихоҳони мусаллаҳи баск ЕТА, Ибон Гогескоеча, ки аз соли 1997 дар ҳоли фирор ба сар мебурд, имрӯз дар шимоли Фаронса боздошт шудааст. Дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Испания ва Фаронса ҳамчунин ду сарвари баландпояи ин созмон низ дастгир шудаанд. Ба бовари нерӯҳои амниятии Испания, ЕТА, ки истиқлолияти минтақаи баскҳоро талаб мекунад ва зиёда аз 850 нафарро куштааст, бино бар ҳабси садҳо нафар аз тарафдоронаш дар солҳои охир заъф дидааст. Ин боздоштҳо зимни афзоиши ҳамоҳангӣ байни мақомоти Испания ва Фаронса имконпазир шудаанд.
XS
SM
MD
LG