Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои миёни суннимазҳабон дар Покистон


Мақомоти Покистон имрӯз пас аз даргириҳои хунини байнимазҳабӣ дар шимолуғарби кишвар дар минтақаи Дор-ул-Исмоилхон дар ин ҷо вазъи изтирорӣ эълон карданд. Даргириҳо замоне сар зад, ки садҳо нафар аз суннимазҳабони баревлӣ бо таҷлил аз мавлуди паёмбари ислом тазоҳурот карданд ва шахси номаълуме ба сӯи раҳпаймоии онҳо тир андохта, як нафарро ба қатл расонд. Дар посух тазоҳуркунандагон ба мадрасаи пайравони ҳамчунон суннимазҳаби девбандӣ ҳамла карданд ва шаш нафарро ба ҳалокат расонданд. Полис мегӯяд, инчунин 38 тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG