Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзила дар Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон


Заминларзаи шадид, субҳи имрӯз Покистон ва як қисми Афғонистонро такон дода, дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд. Нерӯи зилзила дар маркази он, дар қаторкӯҳи Ҳиндукуш ба 6,2 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар будааст. Зарбаи такон дар шаҳри Душанбе 3,5 дараҷа шумурда шуда, зилзила Кобул ва Исломободро низ такон додаст. Хушбахтона, аз талафот ва осеби модӣ хабар нарасидааст. Дар моҳи октябри соли 2005 дар чунин зилзила дар Кашмири таҳти назорати Покистон 73 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG