Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз нисфи интихобкунандагон дар Тоҷикистон раъй доданд


Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон хабар дод, ки то соати нимирӯзии 28-уми феврал зиёда аз нисф ва 51,4 дарсади раъйдиҳандагон (1 миллиону 846 ҳазору 306 нафар) дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон иштирок кардаанд. Дар вилояти Суғд ин шумор 48,4 дарсад, дар вилояти Хатлон 57,1 дарсад, дар вилояти Бадахшон 56,1 дарсад, дар Душанбе 51,5 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 47,2 будааст. Ба ин тартиб интихоботи порлумонии Тоҷикистон расман баргузоршуда эълон гардид.
XS
SM
MD
LG