Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин шикоятҳо аз ҷараёни интихобот


Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҲСДТ

Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҲСДТ

Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҲСДТ ва яке аз номзадҳои интихоботӣ аз ҳавзаи Сино дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар соатҳои аввали интихобот бархе аз қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст.

Вай афзуд, «нозирони мо якчанд ҳолати қонуншикании марбут ба овоздиҳии як нафар ба ҷои якчанд кас, манъи наворбардорӣ дар участкаҳои интихоботӣ ва маҳдудиятҳо барои ширкати нозирони ҳизбро ба қайд гирифтаанд».

Яке аз қонуншиканиҳои дағал, ба гуфтаи раҳбари ҲСДТ, ин будааст, ки дар яке аз қитъаҳои ҳавзаи Сино нафари масъул дар назди ғурфа нишаста ва баргаҳоро пур карда, ба дасти овоздиҳандагон месупурдааст.

Аммо Абдулло Ҳабибов, раиси комиссиюни ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сино, иддаои раҳбари Ҳизби сотсиал-демократиро рад кард ва гуфт, ин изҳороти ҷаноби Зойиров асосе надорад. Зеро, ба таъкиди вай, то ҳол ба комиссиюни ҳавзавӣ ҳеҷ гуна эроду шикоят аз сӯи ҳеҷ нозире ва ҳизби сиёсие ворид нашудааст.

Раиси комиссиюни ҳавзаи Сино мегӯяд, «бо гузашти се соат аз оғози раъйдиҳӣ фазои интихоботӣ босубот ҷараён дорад ва интихобкунандагон ба ҳавои боронӣ нигоҳ накарда, барои раъйдиҳӣ ба пояи қуттиҳои раъй меоянд». Ба таъкиди вай, то соати 08:00-и субх 7 дарсади раъйдиҳандагони ҳавзаи Сино овоз додаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, низ эълон кардааст, ки то ин соат нозирони Ҳизби наҳзати исломӣ аз як қатор ҳолатҳои тақаллубкорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар гузориш додаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар қитъаҳои раъйдиҳии бархе аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст. Вале ҷаноби Кабирӣ аз ном бурдани чунин сафоратхонаҳо худдорӣ кард.

Раҳбари ҲНИТ фазои интихоботро дар маҷмуъ умедворкунанда номид, аммо гуфт тақаллубкориҳо бовар ба шаффофияти интихоботро зери суол мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG