Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздошти ҳарбиёни Туркия ба гумони сӯиқасд


Додгоҳи Туркия ду генерали дигари бознишастаро бо иттиҳоми тарҳрезии табаддулоти давлатӣ боздошт кард. Ба ин тартиб шумораи низомиёни баландрутба, ки ба таҳияи табаддулот айбдор мешаванд, аз 30 тан гузашт. Хабаргузории нимадавталии Анатолияи Туркия хабар медиҳад, ки собиқ фармондеҳи артиши якуми Туркия, генерал Четин Дуғон ва собиқ фармондеҳи нерӯҳои махсус генерал-лейтенант Энгин Алан ҳангоми ҳозир шуданашон ба додгоҳи Истамбул боздошт шуданд. Полиси Туркия мегӯяд, ҳоло ҷамъан 33 афсари артиш ба он айбдор мешаванд, ки мехостанд, дар соли 2003 ҳукумати сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғонро барканор карда, ҳокимияти ҳарбӣ ҷорӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG