Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар зилзилаи Чилӣ 16 нафар ба ҳалокат расидаанд


Бино ба охирин хабарҳо, бар асари заминларзаи шадид дар Чилӣ, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад, ба камияш 16 нафар кушта шудаанд. Раисиҷумҳури Чилӣ, Мишел Бачелет дар кишвараш вазъи фалокатбор эълон кард ва аз мардум хост, хештандорӣ кунанд. Маркази заминҷумбӣ, ба иттилои марказҳои зилзилсанҷӣ дар 300 километрии ҷанубуғарби Сантяго, пойтахти Чилӣ ва дар 100-километрии дувумин бузургтарин шаҳри Чилӣ, Консепсион воқеъ гаштааст. Ситоди огоҳӣ аз маддуҷазри Амрико дар уқёнуси Ором аз бархостани тсунами дар соҳилҳои Чили ва Перу иттилоъ додааст. Нимаҳои моҳи январ дар чунин заминларзаи шадид дар Ҳаитӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд.
XS
SM
MD
LG