Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ислоҳталабони Эрон ба озодии маҳбусони сиёсӣ


Гурӯҳи хурде аз аъзои ислоҳотхоҳи порлумони Эрон аз ҳукумати ҷумҳурии исломӣ тақозо карданд, журналистон ва фаъолони боздоштшударо дар арафаи Наврӯз ё Соли Нави форсӣ дар 21-уми март аз ҳабс озод кунад. Амин Шаъбонӣ, узви ҷиноҳи ислоҳталаб гуфтаст, порлумони Эрон бояд аз мақомоти адлия озодии маҳбусонро талаб кунад, бавижа дар ҳоле ки додситонон ҳеҷ далеле зидди онҳо надоранд. Дориюши Қамбарӣ, сухангӯи ҷиноҳи ислоҳталаби порлумон, мегӯяд, бидуни далели рӯшан дар ҳабс нигоҳ доштани онҳо сабаби афзоиши нигарониҳо дар ҷомеа мегардад. Гуфта мешавад, садҳо нафар дар пайванд ба тазоҳурот ва эътирозҳои марбут ба интихоботи президентии ахир боздошт шуда, муддати зиёдест, дар маҳбас ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG