Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Васияти охирини Амир Олимхон ва тақдири набераи ӯ


Саид Аъзам Бухорӣ, набераи Амир Олимхон. Оне, ки бояд охирин васияти охирин амири Бухороро иҷро мекард, вале кушта шуд.

Саид Аъзам Бухорӣ, набераи Амир Олимхон. Оне, ки бояд охирин васияти охирин амири Бухороро иҷро мекард, вале кушта шуд.

«Охирин васиятнома. Шаҳри Кобул. Афғонистон. Агар дар ҳар куҷои ин ҷаҳон вафот шавам, ворисонам маро ба таври амонат ба хок биспоранд. Вақте ки ватанам Бухорои Шариф аз чанги русҳои болшевик озод ва истиқлолияти худро ҳосил намуд, маро аз хок кашида, ҷасадамро ба Ватанам баранд ва дубора ба хок биспоранд»

Ин васиятномаи амири охирини Бухоро Олимхон аст, ки набераи ӯ Саид Аъзам Азизии Бухорӣ соли 2006 аввалин маротиба ба Радиои Озодӣ гуфта буд. Он вақт ӯ мавзӯи ба Бухоро интиқол додани марқади бобояшро матраҳ ва аз ҳукуматҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон тақозои мусоидат карда буд. То ба имрӯз дар ин мавзӯъ чандин матлаб дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон ва хориҷ аз он нашр шуд. Баҳсҳои тундутез ҳам сурат гирифтанд. Аммо дар ниҳоят ин мавзӯъ аз хотирҳо фаромӯш шуд.

Васияти бобояшро Саид Аъзам Азизии Бухорӣ ҳам дигар наметавонад иҷро кунад. Ӯ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Саид Расули Содот, раиси Бунёди Имом Бухорӣ ва холабачаи ӯ дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи асад, мутобиқ ба 23-юми июли соли 2009 Саъид Аъзами Бухорӣ ҳангоми адои намози шом аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст:
«Шаби ҷумъа дар вақти намози шом дар масҷиди Чилсутуни Кобул дар сафи саввуми намозгузорон ба ибодат истода буд. Афроди номаълум аз пушти сар ба ӯ аз туфангчаи бесадо тир кушоданд. Мардум ҳам мутаваҷҷеҳ нашуданд ва ҳама фикр кардаанд, ки чизе дар масҷид шикастааст. Ҳамин тавр, аз тарафи гурӯҳҳои ифротии террористӣ кушта шуд»

Оқои Содот афзуд, ҳуввияти қотил то ба ҳол маълум нашуда, таҳқиқоти мақомоти тафтишотии Афғонистон низ натиҷае надодааст.

Саид Аъзам Бухорӣ худро сухангӯйи хонадони амир ва раиси Бунёди Амир Олимхон муаррифӣ мекард. Соли 2006 ӯ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии РО аз ҳукуматҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон даъват карда буд, ки барои интиқоли марқади бобояш ба сарзамини таърихии аморати Бухоро мусоидат кунанд, зеро ин дар васияти амир ба наздиконаш таъкид шудааст.

Яке дигар аз нукоти изҳороти ӯ дар бораи маблағҳои Амир Олимхон дар бонкҳои Русияву Туркия ва Олмон буд, ки тибқи васияти Амир бояд баъд аз озодии сарзамини Бухоро аз султаи «болшевикони рус» барои беҳбудии зиндагии мардумаш харҷ мешуд. Ба қавли ӯ, ин маблағ ба пули ҳамон вақта, ки имрӯз қурбаш шояд ба маротиб боло бошад, ба садҳо миллион доллар мерасад.

Саид Аъзам Бухорӣ, ҷонишини раиси Шӯрои турктаборони Афғонистон буд, ки сарвариашро Акбарбой, яке аз лидерони ӯзбаки Афғонистон бар дӯш дошт. Акбарбой мухолифи сиёсии Абдурашид Дӯстум, раҳбари дигари ӯзбакҳои Афғонистон маҳсуб мешавад, ки соли гузашта аз сӯи Дӯстум латукӯб ва ба гаравгон низ гирифта шуда буд. Кӯшишҳои мо барои сӯҳбат бо Акбарбой натиҷа надоданд, аммо Сайид Расули Содот мегӯяд, қабл аз марг Саъид Аъзам Бухорӣ аз масъулияташ дар Шӯрои турктаборони Афғонистон сабукдӯш шуда буд.

Саид Аъзам Бухорӣ насли дуввуми муҳоҷирини Бухоро дар Афғонистон буд, ки тӯли 90 соли будубош дар он кишвар ва хориҷ аз он мекӯшиданд дигарбора ба ватан баргарданд. Амир Олимхон ба муҷоҳидин ё ба таъбири шӯравӣ, босмачиҳо дар солҳои 20-уми асри гузашта кӯмак мекард. Дар солҳои 30-ум бухороиёни Афғонистон созмонеро таҳти унвони Наҳзати муҳоҷирини Бухоро ташкил доданд, ки ҳадафаш шикасти ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон онҳо бо Олмони фашистӣ робита барқарор карданд ва артишеро иборат аз 15 ҳазор нафар созмон доданд. Аммо ҳукумати Афғонистон, ки бо Шӯравӣ ҳамкорӣ мекард, садди роҳи онҳо шуд ва нагузошт, ки онҳо ҷабҳаеро дар Осиёи Марказӣ алайҳи ҳукумати шӯроҳо боз кунанд.

Дар даврони муборизаи Афғонистон алайҳи Шӯравӣ муҳоҷирини Бухоро ба Ҷамъияти исломии Бурҳонуддини Раббонӣ кӯмак мекарданд. Баъд аз хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон ва пошхӯрии ин абарқудрат онҳо муҷоҳидини афғонро ба Осиёи Марказӣ таҳрик доданд. Аммо даргириҳои миёни танзимҳои сиёсиву низомии Афғонистон ин орзуи муҳоҷирини Бухороро барбод дод. Вақте мухолифини тоҷик ба хоки Афғонистон ҳиҷрат карданд, Саид Аъзами Бухорӣ шахсан бо раҳбарони онҳо вохӯрд ва дасти ҳамкорӣ дароз кард, аммо ахириҳо аз ӯ истиқбол накарданд. Муҳаммадшариф Ҳимматзода, яке аз раҳбарони мухолифини тоҷик, дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, он замон оппозитсиони тоҷик бо Ӯзбакистону Русия мушкил дошт ва наметавонист ба онҳо кӯмак кунад.

Аз Саид Аъзами Бухорӣ се писар ва се духтар бепадар мондаанд. Вай мегуфт, дар роҳи бозгашт ба Бухоро ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд ва хоҳанд дод, аммо фикри Бухоро ҳеҷ гоҳ аз сарашон дур нахоҳад шуд:
«Ватан ҳарфи дигар аст. Ман мутаваллиди Афғонистон ҳастам. Аммо падарони ман, хуни ман аз он тарафи Омӯст. Шукри Худо, мо дар ин ҷо зиндагии орому осуда дорем. Мардуми хубе ҳастанд. Аммо мо наметавонем гӯем, ки аз Бухоро нестем. Мо бухороӣ будем, ҳастем ва хоҳем буд»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG