Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи шадид дар Чилӣ


Заминларзаи сахте, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад, Чилиро такон дод. Ин дар ҳолест, ки пештар нерӯи зилзила 8,3 дараҷа гузориш мешуд. Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ феълан хабар нарасидааст. Маркази огоҳӣ аз маддуҷазри Амрико аз бархостани тсунами дар соҳилҳои Чилӣ ва Перу иттилоъ додааст. Нимаҳои моҳи январ дар чунин заминларзаи шадид дар Ҳаитӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд.
XS
SM
MD
LG