Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин ҷаласаи КМИР пеш аз интихобот бо ҳузури аҳзоб


Охирин ҷаласаи Камисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пеш аз баргузории интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе бо ширкати раҳбарони ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва нозирони САҲА доир шуд.

Раиси Камисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев мегӯяд, сарфи назар аз интиқоди нозирони САҲА корзори интихоботи 28-уми феврал ва омодагӣ ба он дар сатҳи хуб аст.

Ӯ гуфт, ки дар робита ба мушкили тармарезӣ ва басташавии роҳҳо ба 9 минтақаи кӯҳистонии кишвар баргаҳои раъйдиҳӣ бо чархбол фиристода шудаанд.

“Ҳизбҳои қаноатманд”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон дар ин ҷалса фазои интихоботиро дар қиёс ба интихоботи солҳои қаблӣ намуна, хонда, гуфт, ки ҲНИТ аз фаъолияти КМИ ва камисюнҳои ҳавзаӣ қаноатманд аст. Вале мавқеи худро нисбат ба учаскаҳои интихоботӣ баъди интихобот эълон хоҳад кард. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ нимаи аввали моҳи феврал фазои интихоботӣ хуб буд. Вале дар нимаи дуввуми моҳи феврал, ки ҳизбҳо дар корҳои тарғиботӣ фаъол шуанд, мақомоти зирабт мавқеи дигар гирифтанд.

Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ гуфт, ки интихобот ба нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дари он ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад, мусбат хоҳад шуд, агар 80 дарсади интихобкунандагон раъй диҳанд. Ва бояд, ки КМИР талош кунад, ки интихобкунандагон дар раъйдиҳӣ фаъол бошанд ва руйхати интихобкунандагон ҳам дақиқ бошад.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист аз навҳаи корҳои таблиғотии бархе ҳизбҳои дигар мисол оварда гуфт, ки истифодаи наврасон дар корҳои таблиғотӣ хуб нест. Вай гуфт, бояд Касиюни марказии интихобот аз ин фаъолиятҳо ҷилавгирӣ кунад. Аммо ӯ аз ҳизби мушаххасе дар ин замина ном набурд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократ гуфт, ки ҳарчанд дар рафти корзори интихобот баъзе камбудиҳо дида мешуд, вале дар зоҳир фазои шафоф таъмин буд ва Камисюни маркази интихобот ва мақомоти марбута ҳам дар доираи қонун амал карда, нисбати чанд соли пеш чанд қадам пеш рафтаанд. Вале истифодаи номи президент дар сабқати интихоботӣ аз сӯи ҲХДТ, то ҷойе шафофияти онро зери суол гузошт. Ба боварии Раҳматилло Зоиров навҳаи корзори интихобот ба сурати умумӣ мусбат буд.

Тибқи қонун дар бораи интихобот таблиғи номзадҳо то соати 12 шаби 26 феврал, идома меёбад. Ва баъд рӯзи 28 феврал интихобот баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG